Саҳар бархез таҷдиди вузӯ кун
Ба оби тавба худро шустушӯ кун

Агар хоҳӣ шавӣ пок аз палидӣ
Ба даргоҳи Худои хеш рӯ кун

Ба шукри неъматаш то метавонӣ
Лабатро ошно бо зикри ӯ кун

Дари раҳмат ба рӯят карда Ҳақ боз
Ба ӯ рӯ ору дафъе аз адӯ кун

Гадои даргаҳи Ҳақ шав ба олам
Гадоӣ гар кунӣ бо обрӯ кун

Ҳар он чӣ дарди дил дорӣ ба олам
Саҳар бо Ҳақ Таоло гуфтугӯ кун

Агар хоҳӣ ту файз аз маҳзари Ҳақ
Аз ӯ тавфиқи тоат орзу кун

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст