Моҳи меҳмонии Раҳмон мерасад
Фасли шодобии имон мерасад
Ёздаҳ маҳ ғафлату зулмат, вале
Баҳри боғи дил баҳорон мерасад
Шаҳвату нафсат асири рӯҳи ту
Чун дуову савти Қуръон мерасад
Карда дарҳои биҳиштро боз ҳақ
Рӯзадор лоиқи Райён мерасад
Баста шуд дарҳои дӯзах ин замон
Ғуллу занҷир баҳри шайтон мерасад
Бо гунаҳ накшоӣ боби бастаро
Раҳмати ҳақ бин фаровон мерасад
Бар набияш доимо гӯӣ дуруд
Каффаи сангини мизон мерасад
Рӯзадореро агар як қатра об
Додӣ озодӣ зи нирон мерасад
Рӯзадорӣ норро гардад сипар
Дастгире баҳри инсон мерасад
Бо адаб биншин ба меҳмонии дӯст
Лаҳзаи дидори ҷонон мерасад
Абдусалом

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст