Андак-андак пайки Раҳмон мерасад,

Андак-андак моҳи Қуръон мерасад.

Баста мегардад дари жарфои нор,

Давраи зиндони шайтон мерасад.

Ёздаҳ маҳ тан ба гил олудаем,

Моҳи покӣ аз гуноҳон мерасад.

Баски мо будем асири нафси шум,

Бар ҷиҳоди куфр имон мерасад.

Тангчашмон андар ин маҳ Ҳотаманд,

Моҳи хайру раҳму эҳсон мерасад.

Ҳар шабе ёди Ҳабибуллоҳ кун,

Меҳрубонӣ бар муҳиббон мерасад.

Нуриё, шав соили амвоҷи нур,

Мавҷи раҳмат бар гадоён мерасад.

Нурӣ Муҳаммади Истам

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст