Рамзҳо дар Рамазон аст, Худо медонад
 Бартар аз фаҳму гумон аст, Худо ме‏донад

 Лайлаи қадр, кадомин шаби ин моҳи Худост?
 Чӣ шабе бартар аз он аст, Худо ме‏донад

 Ҳар шабе тавба кунем аз гунаҳу пок шавем
 Лайлаи қадр, ҳамон аст, Худо ме‏донад

 Мавсими бандагии чашму забону гӯш аст
 На ҳамин савми даҳон аст, Худо ме‏донад

 Гар набошад ҳама аъзои ту таслими Худо
 Рӯзаат сарфаи нон аст, Худо ме‏донад

 Бори омму ҳама меҳмони Худованди карим
 Моҳи озодии ҷон аст, Худо ме‏донад

 Сибти акбар, ки дар ин маҳ мутаваллид гардид
 Рамзи ҳусни Рамазон аст, Худо ме‏донад

Карамаш мояи умеди гунаҳкорон шуд
 Рамзи ин нукта ниҳон аст, Худо ме‏донад

Рӯзаву хондани Қуръон зи Худо бояд хост
Боби Райёну ҷинон аст, Худо ме‏донад

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст