Саломам бар ту эй моҳи шарифу моҳи беҳамто
Дурудам бар ту эй моҳи азизи холиқи якто
Саломам бар ту эй моҳи дуо эй моҳи омурзиш
Дурудам бар ту эй моҳи сано эй моҳи омурзиш
Саломам бар ту эй моҳи вараъ эй моҳи истиғфор
Дурудам бар ту эй моҳи намозу моҳи истиғфор
Саломам бар ту эй моҳи фазилат моҳи озодӣ
Дурудам бар ту эй моҳи азимат эй маҳи шодӣ
Саломам бар ту эй моҳи ҳидоят эй маҳи имон
Дурудам бар ту эй моҳи иноят эй маҳи субҳон
Саломам бар ту эй моҳи тиловат эй маҳи фурқон
Дурудам бар ту моҳи шаҳодат эй маҳи Қуръон
Саломам бар ту эй моҳ муборак моҳи ваъзу панд
Дурудам бар ту манро медиҳӣ бо холиқам пайванд
Саломам бар ту эй моҳи вилоят эй маҳи воло
Дурудам бар ту эй моҳи саодат эй маҳи раъно

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст