Нуре ба ҷаҳон омад

Бар дидаву ҷон омад

Бар пиру ҷавон омад

Чун шодирасон омад

Моҳи Рамазон омад

Бо марҳамати Раҳмон

Бо савти хуши Қуръон

Бар мардуми боимон

Аз ғайб нишон омад

Моҳи Рамазон омад

Бӯи хуше аз Аҳмад

Аз Кавсару аз ҷаннат

Ҷоне ба дили уммат

Чун рӯҳи равон омад

Моҳи Рамазон омад.

Навмед бишуд шайтон

Занҷирбасару печон

Побаставу дар зиндон

То ки ба фиғон омад

Моҳи Рамазон омад.

Шуд банд дари исён

Бо раҳмати Ҳақ-Субҳон

Моҳи нузули Қуръон

Бингар, ки чӣ сон омад

Моҳи Рамазон омад.

Моҳи талаби ҳоҷат

Аз Қодири боқудрат

Як моҳи пур аз ҳикмат

Дарёб, ки равон омад

Моҳи Рамазон омад.

Муродии Хатлонӣ

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст