Бигӯям ба ту тоҷики тоҷдор   
Ки гардидаӣ дар ҷаҳон номдор
Чу Саъдиву Ҳофизу Сино турост 
Ба нек зиндагонӣ бароят сазост
Ба таърихи миллат агар бингарӣ  
Пур аст ғуссаву қисса дардоварӣ
Бародар зи дасти бародар ба чоҳ  
В-аз он душманонро расидаст ҷоҳ
Чӣ бисёр фарзанд, ки қасди падар  
Намуданду куштанду бибрида сар
Агар шаҳрёре баровард ном  
Ба найранги душман ҳама гашта хом
Ба заҳру ба қаҳру ба симу ба зар 
Ба нобудияш баста доим камар
Агарчи чу Рустам зафароварем  
Вале пури худро зи бар оварем
Пас аз қатли Суҳроб оҳу фиғон  
Намудем на тарки такрори он
Биё даст ба ман деҳ агар тоҷикӣ
Кунем пора ҳар пардаи торикӣ

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст