Дар адаб шоҳи адибон, хуби хубон, тоҷикам
Дар фазои маьрифат чун нури тобон, тоҷикам
Дар сухан гар во кунӣ лаб мешаванд мафтуни ту
Мисли булбул хушзабону хушсухандон, тоҷикам
Дорӣ чун шайху ҳакиму хоҷаву ҳам мавлавӣ
Бо чунин озодагон ҳасти намоён, тоҷикам
Ҳар касе қудрат надорад соҳиби байте шавад
Соҳибунвон, соҳиби ашьору девон, тоҷикам
Рӯдакиву Ибни Сино, Ҳофизу Хайёми ту
Кард тасхири маъонӣ то ба кайҳон, тоҷикам
Бо "Гулистон" Саъдиву бо "Маснавӣ" Мавлои Рум
Ҷумла аҳли ақлҳоро карда ҳайрон, тоҷикам
Эй, ки гар як зарра ҳастам фахр дорам инчунин
То ки фарзанди туву авлоди Сомон, тоҷикам
Дар ғазал гарчӣ надорам илми шеъру шоирӣ
Чун Муродӣ менависам бо дилу ҷон, тоҷикам
Муродии Хатлонӣ

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст