Эй ошиқон, эй ошиқон, ҷон мерасад, ҷон мерасад

Меҳри дурахшон медамад, моҳи фурӯзон мерасад

Ояд навои корвон, бар гӯши ҷон к-он дилситон

То дил ситонад з-ину он, инак шитобон мерасад

Рухсори моҳашро бибин, зулфи сиёҳашро бибин

Барқи нигоҳашро бибин, Юсуфи Канъон мерасад

Соқӣ бибахшо ҷомро, аз бода пур кун комро

Гӯ боз ин пайғомро, паймонагардон мерасад

Равнақфизои боғҳо, лутфи сафои роғҳо

Бар қалби ошиқ, доғҳо, зебо гулистон мерасад

То ёбӣ роҳи бандагӣ, хоҳӣ агар пояндагӣ

К-он раҳнамои зиндагӣ аз маҳди ирфон мерасад

Меҳри саҳар, моҳи сафо, баҳри гуҳар, ганҷи вафо

Оинаи ҳақ ҷилвагар, хуршеди имон мерасад

Ёри мувофиқ мерасад, дилдори содиқ мерасад

Қуръони нотиқ мерасад, маҳбуби яздон мерасад

Кохи вафо қоим аз ӯ, меҳру сафо доим аз ӯ

Ғарқи тараб соим аз ӯ, ҷон мерасад ҷон мерасад

 

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст