Ғам махур, эй бандаи хокӣ, агар ёрат Худост!
Рав аз ин ғурбатсаро берун, ки ғамхорат Худост!
Аз Худои Қодиру Розиқ мадад хоҳ доимо!
Раҳмату лутфаш фаровону мададкорат Худост!
Гар харидоре надорӣ, ту дар ин бозори даҳр!
Бин, ки дар бозори маҳшаргоҳ, харидорат Худост!
Меҳрубонтар аз зану фарзанду ҳам аз ёру дӯст!
Андаруни қабри торик, мунису ёрат Худост!
Ҳаст имон-порсоӣ роҳи ҳақ баҳри наҷот
Кофиру мушрик мунофиқ афканад норат Худост!

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст