Гуфтам, ки беқарори ту бошам, вале нашуд
Танҳо дар интизори ту бошам, вале нашуд

Гуфтам ба дил, ки ҷалби ризоят кунад накард
Гуфтам, ки ҷоннисори ту бошам, вале нашуд

Гуфтам: Миёни ҷазру мади ашку оҳи шаб
Дар гардиши мадори ту бошам, вале нашуд

 Гуфтам, ки мерасӣ туву ман ҳам дуо кунам
 Дар давлати ту ёри ту бошам, вале нашуд

 Гуфтам, ки то аҷал нарасидаст лаҳзае
 Дар хаймаат канори ту бошам, вале нашуд

 Гуфтам, ки хоки пои туро тоҷи сар кунам
 Чун хок раҳгузори ту бошам, вале нашуд

 Гуфтам: Ба қадри оҳи дили дилшикастагон
 Дар аҳду рӯзгори ту бошам, вале нашуд

 Гуфтам: Дуо кунам, ки биёӣ бибинамат
 Монанди Маҳзёри ту бошам, вале нашуд

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст