Ғам махӯр, айёми ҳиҷрон рӯ ба поён меравад
Ин хуморӣ аз сари мо майгусорон меравад
Пардаро аз рӯи моҳи хеш боло мезанад
Ғамзаро сар медиҳад, ғам аз дилу ҷон меравад
Булбул андар шохсори гул ҳувайдо мешавад
Зоғ бо сад шармсорӣ аз гулистон меравад
Маҳфил аз нури рухи ӯ, нурафшон мешавад
Ҳарчи ғайр аз зикри ёр, аз ёди риндон меравад
Абрҳо, аз нури хуршеди рухаш пинҳон шаванд
Парда аз рухсори он сарви хиромон меравад
Ваъдаи дидор наздик аст ‏ёрон мужда бод!
Рӯзи васлаш мерасад, айёми ҳиҷрон меравад

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст