Устоди ҳама касбу ҳунарҳост муаллим
 Устоди ҳама пиру ҷавонҳост муаллим
 Гар шоҳу вазиранд ба ҳар гӯшаи дунё
 Аз дасти шумо ин ҳама пайдост муаллим
 Бо косаи обу лаби нон шукргузоред
 Дар сӯзу гудози ғами фардост муаллим
 Дар иди шумо ҷумла ҳабибони шумоем
 Равшангари ду дидаи биност муаллим
 Ин шаст муборак шаваду шасти дигар зам
 Дар сурату сират ҳама зебост муаллим
Марҳум Маъниддини Ваҷҳуддин

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст