Зиҳӣ хуҷаста замоне, ки ёр боз ояд
 Ба коми ғамзадагон ғамгусор боз ояд
 Ба пеши хайли хаёлаш кашидам аблақи чашм
 Бадон умед, ки он шаҳсавор боз ояд
 Агар на дар хами чавгони ӯ равад сари ман
 Зи сар нагӯяму сар худ чӣ кор боз ояд
 Муқим бар сари роҳаш нишастаам чун гард
 Бадон ҳавас, ки бад-ин раҳгузор боз ояд
 Диле, ки бо сари зулфини ӯ қарорӣ дод
 Гумон мабар, ки бадон дил қарор боз ояд
 Чӣ ҷаврҳо, ки кашиданд булбулон, аз дай 
 Ба бӯи он ки дигар навбҳор боз ояд
 Зи нақшбанди қазо ҳаст умеди он Ҳофиз
 Ки ҳамчу сарв ба дастам нигор боз ояд

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст