Чӣ вақтҳо, ки бароят дуо накарда дилам  
Чӣ назрҳо, ки барои шумо накарда дилам
Чӣ қадр номи маро дар навофилат бурдӣ
Вале ба ҳеҷ кадом эътино накарда дилам
Аҷиб нест диламро гуноҳ пур кардааст
Даре ба самти муноҷот во накарда дилам
Мусофири саҳари ҷодаҳои саҷҷода
Бигир дасти маро то раҳо накарда дилам
Наяфтад аз қалами рӯ ба осмониҳо
Ба ҷурми кафши сулуке, ки по накарда дилам
Дуруст ёд надорам, ки чандумин рӯз аст
Ки ҳаққи чашм худамро адо накарда дилам

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст