Боз о, ки дил ҳанӯз ба ёди ту дилбар аст

Ҷон аз даричаи назарам , чашм бар дар аст

Боз о дигар, ки сояи девори интизор

Сӯзандатар зи тобиши хуршеди маҳшар аст

Боз о, ки боз мардуми чашмам зи дарди ҳиҷр

Дар мавҷхези ашк чу киштӣ, шиновар аст

Боз о, ки аз фироқи ту эй ғоиб аз назар

Доман зи хуни дида чу дарёи гавҳар аст

Эй субҳи меҳрбахши дил, аз машриқи умед

Бинмой рух, ки толеам аз шаб, сияҳтар аст

Зад нақши меҳри рӯи ту бар дил чунон ки ашк

Оинадори чеҳраи ту моҳи анвар аст

Эй рафта аз баробари ёрони "мушфиқат"

Рӯят, ба ҳар чӣ менигарам дар баробар аст

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст