Муаллим эй фурӯғи ҷовидонӣ,

Муаллим меҳри поки осмонӣ

Муаллим эй чароғи роҳи дониш,

Муаллим ояҳои меҳрубонӣ

Маро аз ҷаҳлу нодонӣ раҳо кун,

Маро бо илму имону Худо кун

Биё эй гул ту аз гаҳвора то гур,

Маро бо илму дониш ошно кун

Дили шаффоф чун оина дорӣ,

Муҳаббат бо сафо дар сина дорӣ

Агар дорӣ гаҳе нороҳатӣ ту,

Вале бешак дили бекина дорӣ

Муаллим эй баҳори офариниш,

Ту ҳастӣ ифтихори офариниш

Ту ҳастӣ гавҳари ноёби дарё,

Аҷаб дорам зи кори офариниш

Ту мехондӣ алифбои рашодат,

Ту гуфтӣ роҳи имону саодат

Ба мардоне, ки рафтанд ошиқона,

Ту доди дарси исору шаҳодат

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст