Эй ғоиб аз назар ба Худо месупорамат

 Ҷонам бисухтиву ба дил дӯст дорамат

 То домани кафан накашам зери пои хок

 Бовар макун, ки даст зи доман бидорамат

 Меҳроби абрӯят бинамо то саҳаргаҳе

 Дасти дуо барораму дар гардан орамат

 Гар боядам шудан сӯи Ҳорути Бобилӣ

 Сад гуна ҷодуе бикунам то биёрамат

 Хоҳам, ки пеш мирамат эй бевафо табиб

 Бемор бозпурс, ки дар интизорамат

 Сад ҷӯи об бастаам аз дида бар канор

 Бар бӯи тухми меҳр, ки дар дил бикорамат

 Хунам бирехт в-аз ғами ишқам халос дод

 Миннатпазири ғамзаи ханҷар гузорамат

 Мегиряму муродам аз ин сели ашкбор

 Тухми муҳаббат аст, ки дар дил бикорамат

 Борам деҳ аз карам сӯи худ то ба сӯзи дил

 Дар пои дам ба дам гуҳар аз дида борамат

 Ҳофиз шаробу шоҳиду риндӣ на вазъи туст

 Филҷумла мекуниву фурӯ мегузорамат

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст