Сипос, сипос, муаллим сипос.

Саломи ман ба ту эй тулӯи ҷовид,

Талоядори нур, боғбони хуршед.

Шуда ҷаҳони ман равшан аз ҳузури ту,

Нигоҳи ман шуда ҷилвагоҳи нури ту.

Бар чеҳраат нақши салобат,

Лабханди ту субҳи сафед аст.

Дар синаи дарёиат ишқ,

Дар чашми бедорат умед аст.

Сипос, сипос, муаллим сипос.

Шукуфта дар дилам меҳри осмониат,

Ҳамеша пурфуруғ шамъи меҳрубониат.

Чароғи роҳи ман илму дониши ту буд,

Дилам ба ёди ту шеъри ошиқӣ суруд.

Бо силоҳи дониш дар масири ҳақ.

Рафтӣ бар ҷанги тирагиҳо.

Нақше кашидӣ ҷовидона,

Бар сафҳаи андешаи мо.

Сипос, сипос, муаллим сипос.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст