Боз ҳам мурғи саҳар бар сари минбари гул
 Дам ба дам мехонад, шеъри ҷонпарвари гул

 Боз аз масҷиди шаҳр савти Қуръон ояд
 Бо насими саҳарӣ атри имон ояд

 Кӯдакони хушсухан, шаб фирорӣ шуда боз
 Дидаро боз кунед, шуда ҳангоми намоз

 Боз хуршеди қашанг омад аз роҳи дароз
 Боз дар дашту даман чашми наргис шуда боз

 Боз аз масҷиди шаҳр савти Қуръон ояд
 Бо насими саҳарӣ атри имон ояд

 Хез аз бистари хоб кӯдаки зеборӯ
 Вақти бедорӣ шуд, хезу такбир бигӯ

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст