Эй бар ҷаҳон гирифтор
Дар фикри хӯрду хобӣ
Омад хазони пирӣ
Дар гулшани шабобӣ
Умри азиз рафта
Оё хабар надорӣ
Чун кӯдакон ба бозӣ
Бо боду хоку обӣ
Як нағма месароям
Эй нури дида акнун
Чун умр бигзарад боз
Ӯро дигар наёбӣ
Эй ҳушманд бишнав
Ин панди дилписандам
То бехабар намонӣ
Бедор шав, ки хобӣ
Эй бехабар зи мурдан
Дар фикри хобу хӯрдан
Аз баъди ҷон супурдан
Бошад, ки хуш бихобӣ
Андар бисоти ишрат
Биншастаӣ ба ғафлат
Огоҳ бош, зеро
Эмин на аз азобӣ
Тарки ҳаво намудан
Дар ёди дӯст будан
Бас турфа хислате дон
Аз баҳри комёбӣ
Абдулҳаё сад оҳ
З-ин ҷо равем ногоҳ
Аз бими сахтии роҳ
Бояд ба шаб нахобӣ

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст