Мужда эй дил, ки дигар сеюми Шаъбон омад
Пайки шодӣ зи бари ҳазрати ҷонон омад
Мужда эй дил, ки барои дили ғамдидаи мо
Ҳудҳуди хушхабар аз сӯи Сулаймон омад
Хез эй дил ту кунун шодиву шукрона намо
Ки ба мо муждаи васли шаҳи хубон омад
Зулмату тирагии шоми алам рафт кунун
Рӯзи шодӣ шуду хуршеди фурӯзон омад
Булбул ар лаб ба тараннум бикушояд на аҷаб
Ки ба гулзори набӣ булбули хушхон омад
Ғунчаи даҳр дар ин рӯз бихандид дигар
Ки ба бустони вилоят гули хандон омад
Нури ҳақ ҷилва ба бурҷи шарафи Заҳро кард
Нигар ин нур, ки ин гуна дурахшон омад
Атр пошед ба маҳфил, ки ҳама атрогин
Суману ёсуману сунбулу райҳон омад
Гавҳаре аз садафи баҳри карам гашт аён
Ки ба тавсифи рухаш лӯълӯъу марҷон омад
Ин чӣ рӯзест муборак зи қудуми шаҳи дин
Мавсими мағфирату раҳмати Яздон омад
Рӯзи фархундаи мелоди Ҳусайн ибни Алӣ
Ба тани хастадилон роиҳаи ҷон омад
Мазҳари луфти Худо сибти набӣ пури Алӣ
Гавҳари Фотимаро ин маҳи тобон омад
Бар сари аҳду вафо дар раҳи маъшуқ нигар
Сару фарзанду бародар, ки ба майдон омад
Шофеи рӯзи ҷазо баҳри ҷавонони биҳишт
Ин Ҳусейн ибни Алӣ раҳмати Раҳмон омад

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст