Дилам ошуфтаву ҳолам мушавваш
Ду чашмам ғарқи хун, қалбам пур оташ
Ба даргоҳат паноҳ овардаам ман
Шикоят дорам аз ин нафси саркаш
Фақиру бенаво дорам шикоят
Асиру мубталои пурҷиноят
Нашуд аз хавфи ту пурашк чашмам
Бигир дастам Худоё, кун ҳидоят
Шудам беболу пур байн қафасҳо
Дигар танг аст дар сина нафасҳо
Паноҳ овардаам сӯи ту имшаб
Ман аз дасти ҳавоҳову ҳавасҳо
Худоё бандаатро раҳм бинмо
Дари бахшиши лутфи хеш бикшо
Нигаҳ дор аз азоби оташинаш
Насиби ҷаннати хулдаш бифармо

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст