Магар ятим набудӣ Худо паноҳат дод?
 Худо , ки дар ҳарами амни хеш роҳат дод?

 Ҳуҷуми ҷаҳлу хурофа, ҳуҷуми торикӣ
 Худо паноҳ дар он давраи сиёҳат дод

 Худо, кадом Худо ? Он Худои бемонанд
 Ҳамон ки исмати парҳез, аз гуноҳат дод

 Ҳамон ки ҷони наҷиби туро муроқиб буд
 Ҳамон ки синаи холӣ аз иштибоҳат дод

 Тавону тӯша ба поён расида буд - вале
 Худо расид ба фарёду зоди роҳат дод

 Бигӯ, ки неъмати Парвардгор пинҳон нест
 Худо, ки дасти туро хонду дастгоҳат дод

 Худо, ки чашми туро бо намоз равшан кард
 Худо, ки фурсати ташхиси роҳу чоҳат дод 
  
 Худо, ки оқибати хайру хуш атоят кард
 Худо, ки оинаро нур бо нигоҳат дод

 Қасам ба рӯз, ки хуршед шамъи хонаи туст
 Қасам ба шаб, ки Худо бартарӣ ба моҳат дод

 Худо, ки ашки туро ҷилваи гуҳар бахшид
 Худо, ки шӯълаи равшан ба ҷои оҳат дод

 Худо, ки ҷони туро аз илоҳаҳо пирост
 Худо, ки замзамаи субҳгоҳат дод

 Ҷудо намешавад аз ту Худо, нахоҳад шуд
 Худо рафиқи сафар, бахт некхоҳат дод

 Ятим омадаам, мондаам, паноҳам деҳ
 Магар ятим набудӣ Худо паноҳат дод ...
  Муртазо Амир

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст