Чиҳил сола марде ба ғори Ҳиро
 Бувад ғарқи розу ниёзу дуо
 Чиҳил сола марде, ки дар шаҳри худ
 Амин асту лоиқ ба мадҳу сано
 Ба Макка, ки пур буд аз мушрикин
 Барӣ монда буд ӯ зи ширку хато
 Ҳиро маъмане буд аз баҳри ӯ
 Ки дӯр аз халоиқ биҷӯяд Худо
 Аз ин рӯй лоиқ шуд аз сӯи ҳақ
 Ки бар мардумон бошад ӯ муқтадо
 Раҷаб буду айёми поёниаш
 Ҳиро шуд з-анвори ҳақ босафо
 Зи сӯи Худо Ҷабраили амин
 Биёмад ба наздики ӯ бо нидо
 Бихон эй Муҳаммад(с), Муҳаммад(с) бихон
 Бихон номи холиқ, ту номи Худо
 Аз ин пас ту бар халқ пайғамбарӣ
 Ва тоҷи рисолат туро шуд ато
 Бад-ингуна Ислом омад падид
 Ки аз ширк созад ҷаҳонро раҳо
 Ба поён барад зулми духтаркӯшӣ
 Барад бутпарастӣ ба сӯи фано
 Биёмад, ки яксон шавад мартаба
 Сиёҳу сафеду ғаниву гадо
 Биёмад, ки тақво шавад шохису
 Каромат шавад муслиминро сазо
 Биёмад, ки пайғамбари ҳақ диҳад
 Ба хулқи азимаш ҷаҳонро сафо
 Дар ин роҳ Қуръон мададкор шуд
 Китоби ҳидоят, давову шифо
 Бувад ҷои шукри фаровон аз он
 Ба кулли ҷаҳон бошад андар наво
 Мусулмон кунун иди беъсат буд
 Дар ин рӯзи шоди бигӯ марҳабо
 Бигӯ бар паямбар ва олаш дуруд
 Фаровон дуруду фаровон сано
  Исмоил Тақвоӣ

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст