Пеш аз тулӯъи хуршед   
Вақте сапеда сар зад
Вақте парандаи шаб   
Аз боми хона пар зад
Бархостам ман аз хоб   
Рафтам вузӯ гирифтам
Дасти дуо кушодам    
Ёрӣ аз ӯ гирифтам
Аз пушти боми масҷид    
Омад нидои тавҳид
Бори дигар ба дилҳо    
Нуру нишот бахшид
Ман ҷонамози худро    
Оҳиста боз кардам
Онгоҳ бо Худоям     
Розу ниёз кардам

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст