Моҳ фурӯ монад аз ҷамоли Муҳаммад (с).

Сарв набошад ба эътидоли Муҳаммад (с).

Қадри фалакро камолу манзалате нест,

Дар назари қадри бо камоли Муҳаммад (с).

Ваъдаи дидори ҳар касе ба қиёмат,

Лайлаи Асро, шабу висоли Муҳаммад (с).

Одаму Нуҳу Халилу Мусиву Исо(а),

Омада маҷмӯъ дар зилоли Муҳаммад (с).

Арсаи гетӣ, маҷоли ҳиммати ӯ нест,

Рӯзи қиёмат нигар, маҷоли Муҳаммад (с).

Ҳамчу замин хоҳад осмон, ки биюфтад,

То бидиҳад бӯса бар наоли Муҳаммад (с).

Шамсу қамар дар замини ҳашр натобад,

Нур натобад, магар ҷамоли Муҳаммад (с).

Саъдӣ агар ошиқи кунию ҷавонӣ,

Ишқи Муҳаммад бас асту Оли Муҳаммад (с).

Саъдии Шерозӣ

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст