Вақте ки ҷоҳилӣ аз ҳад гузашта буд

Қонуни  адлу дод  зору шикаста буд

Дар хонаи Худо Уззо  нишаста буд

Аз ҷониби Худо  пайғоми нав расид  

Вақте ситорагон зинда ба гӯр буданд 

Ноаҳл мушрикон дар Макка зӯр буданд

Дар равшанӣ, вале монанди кӯр буданд Т

обанда нури ҳақ ин пардаро дарид  

Қавми Абӯсуфён сардори Макка буд

Қудрат ба номи ӯ бар рӯи сикка буд

Сардии рӯзгор монеъи чакка буд

Булбул биёмаду бум аз миён парид

Вақте ки муслимин бо дину бо Худо 

Гардида муттаҳид аз тафриқа ҷудо

Омодаи набард бо қавми бехудо

Пирӯзиву зафар омад зи ҳақ навид

Марҳум Маъниддини Ваҷҳуддин

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст