Боди сард ором бар саҳро гузашт
Сабзазорон рафта-рафта зард гашт
Як дарахти себ шуд ранги ба ранг
Зард шуд он чатри шодобу қашанг
Барг-барги гул ба рақси бод рехт
Риштаҳои бедбун аз ҳам гусехт
Чашма кам-кам хушк шуд беоб шуд
Боғу бустон ногаҳон дар хоб шуд
Кард деҳқон донаҳо дар зери хок
Кард кӯтаҳ шохаи беҷони ток
Фасли сардиву замистон меравад
Бори дигар чун баҳорон мешавад
Аз замини хушк мерӯяд гиёҳ
Чашма ҷушад об меафтад ба роҳ
Барги нав орад дарахт себи мо
Сабз гардад пуршукуфа дилрабо
Гул бихандад бар сари гулбутаҳо
Пур кунад бӯи хуши гул боғро
Боз меояд парасту нағмахон
Боз месозад дар ин ҷо ошён
Парвини Давлатободӣ

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст