Султони ғам, чашму чароғам модар
Танҳо гули гулзори боғам модар
Баъд аз Худо танҳо умедам модар
Ман бо дуоят рӯсафедам модар
Модар парастори дилам
Эй равшанибахшу чароғи манзилам
Дар қалби ман ин орзуи охир аст
Гӯянд биҳишт дар зери пои модар аст
Эй вои ман қадри туро нашнохтам
Манро бибахш танҳо ба худ пардохтам
Модар парастори дилам
Эй равшанибахшу чароғи манзилам
Ту бо бадиам сохтиву сӯхтӣ
Танҳо чароғи хонаро афрӯхтӣ
Ҳар ҷумъаҳо чашмат ба қоби ҷодаҳо
Шояд биёяд аммай юҷиби ҷодаҳо
Модар парастори дилам
Эй равшанибахшу чароғи манзилам
Касе, ки то ҳамеша пой ман сӯхт
Чароғ хонаи сарди ман афрӯхт
Шабе, ки сар ба болини таби ман
Замин ва осмон якҷо ба ҳам дӯхт
Модар туӣ дору надорам модар
Баъд аз ту ман дигар чӣ дорам модар
Эй гиряат пушту паноҳам модар
Ман бо дуоят рӯ ба роҳам модар
Модар парастори дилам
Эй равшанибахшу чароғи манзилам

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст