То замину осмон аст зиндаӣ

То забону то ҷаҳон аст зиндаӣ

Ҷовидон Фирдавсӣ дар ҳар хонадон

Як нафас аз тоҷикон аст зиндаӣ

Насли мо ҷӯяд зи ту он асли хеш

То вуҷуди ворисон аст зиндаӣ

Асрҳо рафтанду номи неки ту               

Бар лаби пиру ҷавон аст зиндаӣ

Ёди ту ёди ниёгони ман аст

То даме аз мо нишон аст зиндаӣ

То кунун Рустам ба Суҳроб дар набард

То ғаму шоди аён аст зиндаӣ

Абдусалом

 

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст