Мужда-мужда эй Паямбар, Фотима омада ба дунё
Ҷумла ҳастӣ гашта равшан аз қудуми поки Заҳро
Мужда-мужда эй Хадиҷа омада рӯҳи мутаҳҳар
Нурборон шуд замину осмон имшаб саросар
Омада Умми абиҳо Кавсари Қуръон ба дунё
Куфви Ҳайдар ҳадяи Ҳақ абтарӣ монад ба аъдо
Эй азизи Оли Тоҳо шоми мелодат муборак
Ҷовидон дар қалби уммат ҳастиву ёдат муборак
Абдусалом

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст