Эй моҳи ду ҳафта ахтар овардӣ
Эй дурри ятим гавҳар овардӣ
Эй нури Худо зи домани пок
Яъне зи Хадиҷа духтар овардӣ
Аз маркази осмони боло
Тобанда чӣ моҳи анвар овардӣ
Аз нофаи нофи хиттаи хок
Як тӯда зи мушку анбар овардӣ
Ҳастӣ додӣ ба киштии инсон
Эй киштии ҳастӣ лангар овардӣ
Ҳам талхии коми мо имрӯз
Берун кардӣ чӣ шакар овардӣ
Ҷоне ба ҷаҳон дубора додӣ
Якбора равони дигар овардӣ
Эй подшаҳи сарири лавлок
Бар фарқи вуҷуд гавҳар овардӣ
Аз баҳри Алии Муртазо ҳам
Шоиста зи Ҳақ ту ҳамсар овардӣ
Баҳри Ҳасану Ҳусайни дилбанд
Бемислу намуна модар овардӣ
Райҳонаи ту шафиаи машҳар
Раҳмат зи Худои довар овардӣ

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст