Ниҳоли себе доштам
Дар боғча онро коштам
Борон омад обаш дод
Шаб омаду хобаш дод
Бод нози бисёраш кард
Рӯз омад бедораш кард
Ҳаво хеле сард шуд
Пироҳанаш зард шуд
Вақте ки барф борид
Ниҳоли себам хобид
Баҳор ки аз роҳ расид
Ниҳоли себамро дид
Баҳор омад идӣ дод
Агар ту гуфтӣ чӣ дод?
Ниҳоли ман сабз шуд
Нороҳатиам рабуд
Шукуфааш фаровон
Аз шохаҳо шуд аён
Либоси сабзу зебо
Фаро гирифт себамро
Таҳияи Фотима

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст