Гуфтам: Манам аҳли хато, гуфтӣ, ки бахшидам биё.

Гуфтам: Шикастам тавбаҳо, гуфтӣ, ки бахшидам биё.

Гуфтам, ки эй саттори ман, эй ҳазрати ғаффори ман.

Ман бар худам кардам ҷафо,гуфтӣ, ки бахшидам биё.

Гуфтам, ки аҳволам бад аст, аз бас гуноҳам беҳад аст.

Бахшидаӣ ин бандаро, гуфтӣ, ки бахшидам биё.

Гуфтам, ки нафсам саркаш аст, ҷоям даруни оташ аст,

Иғфир лано, иғфир лано! Гуфтӣ, ки бахшидам биё.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст