Ин муҳити карамат арши садаф

Аршиён дар талабат бод ба каф

Мо ки лабташнаи эҳсони туем

Киштиафтода ба туфони туем

Назари лутф бадин киштӣ дор

Ба саломат бирасонаш ба канор

Хаймаи мо ба сӯи соҳил зан

Садафи ҳастии моро бишкан

Пардаи зулмати моро бикушой

Сафвати гавҳари моро бинамой

Ҷомӣ аз ҳастии худ гашта малул

Дорад аз фазли ту умеди қабул

Бар сари хони атояш бинишон

Доман аз гарди хатояш бифишон

Бингар андуҳи ваю, шодаш кун

Бандаи пир шуд, озодаш кун

Бинише деҳ, ки туро бишносад

Неъмататро зи бало бишносад

Камари хидмати тоат бахшаш

Афсари иззи қаноат бахшаш

Ҷомӣ

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст