Курсии дораст авҷи эътибори ин ҷаҳон

Дил манеҳ бар давлати нопойдори ин ҷаҳон

Бо гирифтан гарчи дорад ҷанги истиғнои фақр

Гушае гир аз муҳити беканори ин ҷаҳон

Баргу боли ӯ кафи афсусу бори дил бувад

Дил манеҳ чун ғофилон бар баргу бори ин ҷаҳон

Пеши чашми шабнами равшан гуҳар як коса аст

Чун гули раъно хазону навбаҳори ин ҷаҳон

Риштаи ашки надомат, мади оҳу ҳасрат аст

Пеши чашми му шикофон пуду тори ин ҷаҳон

То нагирад доманатро хуни чандин бегуноҳ

Сарсари бигзор чу бод аз лолазори ин ҷаҳон

Ханда барқест к-аз абри сияҳ зоҳир шавад

Шодии по дар рикоби навбаҳори ин ҷаҳон

Партави хуршедро дар доми равзан мекашад

Ҳарки Соиб дил ниҳад бар эътибори ин ҷаҳон

Соиби Табрезӣ

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст