Дар куҳансоли нафасро рост натвон сохтан

Рост нояд бо камон ҳалқаи тир андохтан

Аз сабукравҳон наёяд бо гаронон сохтан

Чун тавонад кишти холи бо лангар тохтан?

Гиря ҳам занги кудурат мебарад аз дил маро

Гар ба тар дасти тавон оинаро пардохтан

Сахт номардист гар теғ аз ниём орад бурун

Ҳарки созад кори душман аз сипеҳр андохтан

Дар хатаргоҳе ки тир аз хок меруяд чу най

Гардани даъви набояд чун ҳадаф афрохтан

Гуфтугуи сахт бо мумсик надорад ҳосиле

Бар дарахти бесамар то чанд санг андохтан?

Сояи боли Ҳумо з-афтодаги гардад баланд

Сурфа набвад ҳарфи моро бар замин андохтан

Кард харҷи обу кутоҳ биниҳо маро

Пештар аз хона мебоист худро сохтан

Гуша чашме агар бошад азон нақши мурод

Метавон Соиб ду оламро ба дови бохтан

Неки аз оби равон чун тир гардад зи санг

Зери теғи ёри Соиб метавон ҷон бохтан

Соиби Табрезӣ

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст