Дар мақолаҳои гузашта баҳс кардем, ки чигуна ислом (Қуръон ва ҳадис) дар шеър ва адаби форсӣ таъсир гузоштаанд. Инак ба чанд намунаи дигар ишора хоҳем кард.

Қурбонгоҳи хирад

أکثَرُ مَصارِعِ العُقُولِ تَحتَ بُروقِ المَطامِعِ

Қурбонгоҳи хирад бештар онҷо буд, ки барқи тамаъ дар он падидор шавад.

Асади Тусӣ дар ин боб некӯ суроид:

Чунин аст кори тамаъро ниҳод

Басо кас ки дод аз тамаъ ҷон ба бод

Ҳар он сар ки ӯ аз озро афсар аст

Ба хок андар аст ар зи маҳ бартар аст

Буи банда оз то зиндаӣ

Пас озод ҳаргиз наӣ, бандаӣ

Рашиди Ватвот дар шарҳи ин калима гуяд:

Ҳарки тамаъ бар ӯ муставли гардад

Ақли ӯ мақҳуру хиради ӯ мағлуб шавад

Офати ақли мардум аз тамаъ аст

То тавони сӯи тамаъ магарой

Чун тамаъ даст бурд бинмояд

Ақли мардум дар уфтад аз пой

Алиризо Мирзо Муҳаммад мегуяд:

Бо хирад чун зи пайи оз давад

Гарчи озода бувад, банда шавад

То ба ҷон барқи тамаъ даргирад

Одамиро хирад аз даст равад

Бахшоиши илоҳӣ

اللّهمَّ اغْفِرلی رَمزاتِ الألحاظِ، وَ سَقَطاتِ الألفاظِ وَ شَهواتِ الجَنانِ، وَ هَفَواتِ اللِّسانِ

Худовандо! Бар ман бибахшой нигоҳҳои ишоратомез ва суханони беҳудае, ки набояд ва орзуҳои нобаҷо ва лағзишҳоеро ки дар дил гузашт ва бар забон рафту ҳаргиз нашояд.

Муносиби ин калимаҳои баланд ин байти Боботоҳир аст:

Аз он рӯзе ки моро офаридӣ

Ба ғайр аз маъсият чизе надиди

Рашиди Ватвот дар тарҷумаи ин калима ба наср ва назм гуяд:

Бор Худоё! Биёмурз гуноҳонеро ки бар чашмҳои мо ва лафзҳои мо рафта аст ва бар дилҳо ва забонҳои мо гузашта аст.

Ин гуноҳон ки ёд хоҳам кард

Ё Раб аз мо ба фазл даргузарон

Задани чашму зишти гуфтор

Рондани шаҳвату хатои забон

Гузари замон

هَیهاتَ! هَیهاتَ! قد فاتَ ما فاتَ و ذَهَبَ ما ذَهَبَ وَ مَضَتَ الدُّنیا لِحالِ بالِها

Дареғо дареғо! Аз даст рафт, ончи рафту гузашт, ончи гузашт ва ҷаҳон ба дилхоҳи худ сипари гашт.

Байтҳои зер дар ин маъност:

Дареғо умр ки беҷову бемадор гузашт

Фиғон ки бо ғаму андуҳи рӯзгор гузашт

Басоти айшу тараб аз ҷаҳон нур диданд

Маро гумон ки шаб омад, магар наҳор гузашт

Ба ҷуз фасурдагиву ранги зард нест самар

Ба боғи даҳр хазон омаду баҳор гузашт

Дареғ умр ки фасли шабоб зуд гузашт

Баҳори умр ба чандин шитоб гузашт

Ҳар он бино ки ниҳодем дар муҳити вуҷуд

Нагашта бар сари по, чун ҳубоб зуд гузашт

Ҳайфи авқоте ки аз умр ба ҳайрони гузашт

Вин бинои зиндагӣ доим ба вайрони гузашт

Қадри айёми ҷавониро надонистам чи суд

Ганҷ бод оварди ман аз каф ба нодони гузашт

Гавҳари мақсуд дар каф буду маълумам набуд

Ҳайфи он гавҳар ки аз дастам ба осони гузашт

Ҷавҳари мо дар ҷаҳон номад даме бар рӯи кор

Сарф шуд нақди ҳаёту дар пушаймони гузашт

Дил мане бар будани дунё ки чун мавҷи ҳубоб

Меравӣ, то бо худоӣ олами фони гузашт

Дар шеръе омада аст:

Пири расиду фасли ҷавон дигар гузашт

Диди чигуна умр, дило бехабар гузашт

Баҳори умри ман аз бас ки бо шитоб гузашт

Чу барқ аз назарам давраи шабоб гузашт

Надида хайри ҷавони, баҳори зиндагиам

Чунон гузашт ки аз осмон шаҳоб гузашт

Зи бас ки печу хами роҳи зиндаги дидам

Тамоми зиндаги ман ба печу тоб гузашт

Гузашт фил масал ин рӯзгор неку бадаш

Чу тунд бод ки аз хона хароб гузашт

Идома дорад...

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст