Эй шоҳсавори мулки ҳастӣ

Султони хирад ба чирадастӣ

Эй ҳокими кишвари кифоят

Фармондеҳи фатвои вилоят

Эй бар сари садра гашта роҳат

В-эй манзари арш пойгоҳат

Эй хоки ту тутиёи биниш

Равшан ба ту чашми офариниш

Дорандаи ҳуҷҷати илоҳӣ

Донандаи рози субҳгоҳӣ

Эй кунияту номи ту муайяд

Булқосиму онгаҳе Муҳаммад

Сарҷуш хулосаи маони

Сарчашмаи оби зиндагонӣ

Даврон ки фарас ниҳодаи туст

Бо ҳафт фарас пиёдаи туст

Низоми Ганҷавӣ

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст