Аз умр басе намонд моро

Дар сар ҳавасе намонд моро

Рафтем зи дил ғубори ағёр

Ҷуз дуст касе намонд моро

Рафтем ба ошёнаи хеш

Ранҷи қафасе намонд моро

Аз бас ки нафас задем беҷо

Ҷои нафасе намонд моро

Ёрон рафтанд рафта рафта

Дамсоз касе намод моро

Гарми бурданду равшаноӣ

З-ишон қафасе намонд моро

Гулҳо рафтанд з-ин гулистон

Ҷуз хору хасе намонд моро

Дил вопаси дигар надорем

Дар даҳр касе намонд моро

Файзи Кошонӣ

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст