Муҳаббат бас ки пур кард аз вафо ҷону тани моро

Кунад Юсуф садогар бӯ куни пироҳани моро

Чу саҳро машраби мо нангу ваҳшат бар наметобад

Нигаҳ дорад Худо аз тани чин домани моро

Чунон мутлақ инон тозаст шамъи мо азин маҳфил

Ки ранги рафта дорад пос аз худ рафтани моро

Хиромаш дар дил ҳар зарра сад туфон ҷунун дорад

Инон гиред ин оташ ба олам афкани моро

Гуҳар дорад ҳисори обру дар забти амвоҷаҳ

Маяндозед з-оғуши адаб пироҳани моро

Фалак дар хок меғалтид аз шарми сарафрози

Агар медид меъроҷ зи по афтодани моро

Ба ашк афтод кори оҳи мо аз пеши по дидан

Зи шабнам боли тар гардид субҳи гулшани моро

Ҳавас ҳар сӯ басоти нози дигар паҳн мечинад

Надид ин бехабар мужгон ба ҳам овардани моро

Аз ин хошкои ӯ ҳоме ки дорад мазраъи ҳасти

Ба гов чарх натвон пок кардан хирмани моро

Чу моҳи хор хори табъ дар кор асту мо ғофил

Ки бар амвоҷ пушондаст гардун ҷавшани моро

Зи оби зиндагӣ то бигзарад ташвиши раъноӣ

Хами вазъи адаб пул кард душу гардани моро

Ба ҳарфу савт то кай тирасози вақти мо Бедил

Чароғи чор су мапсанд табъи равшани моро

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст