Ба номи онки номаш ҳирзи ҷон аст

Санояш ҷавҳари теғи забон аст

Забон дар ком, ком аз номи ӯ ёфт

Нам аз сарчашмаи анъом аз ӯ ёфт

Хирадро зу намуда дам ба дам рӯй

Ҳазорон нуктаи борик чун мӯй

Фалакро анҷуман афрӯз аз анҷум

Заминро зеби анҷум деҳ ба мардум

Мураттаб сози сақфи чархи доир

Фарози чор девор унсур

Қасаб бофи арусони баҳори

Қиём омӯз сарви ҷуйбори

Баланд бахши ҳар ҳиммати баланд

Ба пасти афкану ҳар худписанд

Гуноҳ омурзи риндони қадаҳ хор

Ба тоатгири пирони риёкор

Аниси хилвати шабзиндадорон

Рафиқи рӯз дар меҳнагузорон

Зи баҳри лутфи ӯ абри баҳори

Кунад хору суманро обёри

Вуҷудаш он фурузон офтоб аст

Ки зарра зарра аз вай нурёб аст

Зи боми осмон то маркази хок

Агар сад пай ба пои ваҳму идрок

Фуруд оем ё боло шитобем

Зи ҳукмаш зарае берун наёем

Абдураҳмони Ҷомӣ

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст