Биё, эй ки умрат ба ҳафтод рафт,

Магар хуфта будӣ, ки барбод рафт?

Ҳама барги будан ҳамесохтӣ,

Ба тадбири рафтан напардохтӣ.

Қиёмат ки бозори менӯ ниҳанд,

Манозил ба аъмоли некӯ диҳанд.

Бизоъат ба чандон ки орӣ, барӣ,

В-агар муфлисӣ, шармсорӣ барӣ.

Ки бозор чандон ки огандатар,

Тиҳидастро дил парокандатар.

Зи панҷаҳ дирам панҷ агар кам шавад,

Дилат реши сарпанҷаи ғам шавад.

Чу панҷоҳ солат бурун шуд зи даст,

Ғанимат шумар панҷ рӯзе ки ҳаст.

Агар мурда мискин забон доштӣ,

Ба фарёду зорӣ фиғон доштӣ.

Ки эй зинда, чун ҳаст имкони гуфт,

Лаб аз зикр чун мурда барҳам махуфт.

Чу моро ба ғафлат бишуд рӯзгор,

Ту боре даме чанд фурсат шумор!

«Бустон»-и Саъдӣ, боби нуҳум, дар тавба ва роҳи савоб.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст