Моҳ фурӯ монад аз ҷамоли Муҳаммад,

Сарв набошад ба эътидоли Муҳаммад.

Қадри фалакро камолу манзилате нест,

Дар назари қадр бо камоли Муҳаммад.

Ваъдаи дидори ҳар касе ба қиёмат,

Лайлаи Исро шаби висоли Муҳаммад.

Одаму Нӯҳу Халилу Мусию Исо,

Омада маҷмӯъ дар зилоли Муҳаммад.

Арсаи гетӣ маҷоли ҳиммати ӯ нест,

Рӯзи қиёмат нигар маҷоли Муҳаммад.

В-он ҳама пироя баста ҷаннати фирдавс,

Б-ӯ, ки қабулаш кунад Билоли Муҳаммад.

Ҳамчу замин хоҳад осмон, ки биафтад,

То бидиҳад бӯса бар ниъоли Муҳаммад.

Шамсу қамар дар замини ҳашр натобад,

Нур натобад магар ҷамоли Муҳаммад.

Шояд агар офтобу моҳ натобад,

Пеши ду абрӯи чун ҳилоли Муҳаммад.

Чашми маро то ба хоб дид ҷамолаш,

Хоб намегирад аз хаёли Муҳаммад.

Саъдӣ, агар ошиқӣ кунию ҷавонӣ,

Ишқи Муҳаммад бас асту Оли Муҳаммад (с).

Саъдии Шерозӣ

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст