Насиҳатҳои бузургони диниро мавриди мутолиа қарор додан ба мо меомузонад, ки чигуна рафтор кунем ва аз гузаштагон панд бигирем. Яке аз шахсиятҳои бузурги ҷаҳони ислом Имом Ҳасан(а) дар охирин лаҳзаҳои умри дунявиашон ва дар ҳассостарин мавоқеъ, бар ин мавзуи муҳимм таъкид варзидаанд.

وَ ابْتَغِ فیما آتاكَ اللهُ الدّارَ الآخِرَةَ وَ لا تَنْسَ نَصیبَكَ مِنَ الدُّنیا

Ва дар ончи Худованд ба ту дода аст хонаи охиратро биталаб ва саҳми худро аз дунё фаромуш макун.

Насиҳате ки ҳар инсоне, хусусан имом Ҳасан(а) дар охирин лаҳзаҳои зинданги баён медорад, қатъан аз аҳамияти вижае бархурдор аст. Дар ҳамин росто ҳазрат фармуд:

اعْمَلْ لِدُنْیَاكَ كَأَنَّكَ تَعِیشُ أَبَداً وَ اعْمَلْ لآِخِرَتِكَ كَأَنَّكَ تَمُوتُ غَداً» [

Мақсуди имом Ҳасан(а) аз баёни ин ҳадиси шариф ин аст, ки инсон бояд дар расидаги ба умури дуняви, абади бияндешад ва кори худро бидуни ҳар айбу нақсе таҳвил диҳад. Ҳамчунин имом Ҳасан(а) мефармоянд: Умури ухравии инсон бояд рузона муҳосиба ва расидаги шавад ва бо тасаввури инки фардо аз дунё хоҳад рафт, ҳеҷ кореро ба оянда нагузорад.

Дар ҳадиси дигаре аз Аҳли байт(а) омада аст:

«إِنَّ اللَّهَ جَلَّ وَ عَزَّ یُبْغِضُ الْعَبْدَ النَّوَّامَ الْفَارِغَ» [

Мабғузтарини мардум дар назди Худованд,  касе аст ки умрашро ба батолат ва танбали сипари кунад.

أَبْغَضُكُمْ إِلَی اللَّهِ تَعَالَی كُلُّ نَئُومٍ وَ أَكُولٍ وَ شَرُوب»

Мабғузтарини афрод назди Худованд касе аст, ки зиёд мехобад, зиёд мехурад ва зиёд менушад.

Бинобар ин солик бояд ба андозаи ниёз дар садади рафъи ҳоҷатҳои дуняви бошад ва ҳамвора барои расидаги ба умури модди ва маънави, ҳадди эътидолро риоят кунад ва аз ифрот ва тафрит бипарҳезад.

«إِنَّ ثَلَاثَ نِسْوَةٍ أَتَیْنَ رَسُولَ اللَّهِ ص فَقَالَتْ إِحْدَاهُنَّ إِنَّ زَوْجِی لَا یَأْكُلُ اللَّحْمَ وَ قَالَتِ الْأُخْرَی إِنَّ زَوْجِی لَا یَشَمُّ الطِّیبَ وَ قَالَتِ الْأُخْرَی إِنَّ زَوْجِی لَا یَقْرَبُ النِّسَاءَ فَخَرَجَ رَسُولُ اللَّهِ ص یَجُرُّ رِدَاءَهُ حَتَّی صَعِدَ الْمِنْبَرَ فَحَمِدَ اللَّهَ وَ أَثْنَی عَلَیْهِ ثُمَّ قَالَ مَا بَالُ أَقْوَامٍ مِنْ أَصْحَابِی لَا یَأْكُلُونَ اللَّحْمَ وَ لَا یَشَمُّونَ الطِّیبَ وَ لَا یَأْتُونَ النِّسَاءَ أَمَا إِنِّی آكُلُ اللَّحْمَ وَ أَشَمُّ الطِّیبَ وَ آتِی النِّسَاءَ فَمَنْ رَغِبَ عَنْ سُنَّتِی فَلَیْسَ مِنِّی»

Рузе Расули Худо(с) хабардор шуданд ки се нафар ҳам қасам шудаанд ки торики дунё бошанд. Яке гушт нахурад, дигаре бӯи хуш истишмом накунад ва севуми бо занон мубошират надошта бошад. Он се нафар кунҷи узлате барои худ баргузиад ва машғули ибодат буданд. Паёмбари Акрам(с) ба андозае асабони шуданд, ки миёни рӯз ва дар ҳолате ки як тарафе либоси худро рӯи замин мекашид, бо суръат ба масҷид омаданд ва ба азонгӯ дастур доданд ки мардумро ба масҷид фаро хонад.

Мардум фаҳмиданд ҳодисае муҳимме чуе ҷиҳод рух дода аст, ки Паёмбари Акрам(с) ингуна ононро ба ҳузур дар масҷид мехонанд. Аз ин рӯ ҳама дар масҷид гирд омаданд. Онгоҳ Паёмбари Акрам(с) рӯи пиллаи аввали минбар истоданд ва фармуданд: Эй мардум ман ки Паёмбари шумо ҳастам, ташкили хонавода медиҳам, хурок мехурам, хоб меравам ва бо мардум иртибот дорам. Сипас фармуд:

فَمَنْ رَغِبَ عَنْ سُنَّتِی فَلَیْسَ مِنِّی “Ҳар кас ғайр аз ин шева барои зиндаги баргузинад ва интихоб кунад, мусулмон нест.” Баъд ҳам ба дунболи он се нафар фирстоданд ва ононро водор ба тавба карданд.

Имом Козим(а) фармуд:

إِیَّاكَ وَ الْكَسَلَ وَ الضَّجَرَ فَإِنَّهُمَا یَمْنَعَانِكَ مِنْ حَظِّكَ مِنَ الدُّنْیَا وَ الْآخِرَةِ»

“Танбали, хамудаги ва касолат, монеи касби хайри дунё ва охират мешавад. Одами беруҳ, бенишот ва афсурда, аз дунё ва уқбо баҳрае намебарад ва аз ин ҷиҳат, танбали ва бекори ба суроғи вай меояд ва мафсадаҳои фаровоне ӯро иҳота хоҳад кард.”

Амали солеҳ

Қуръони Карим дар оёти фаровоне бар амали солеҳ таъкид меварзад ва онро дар мартабаи баъд аз имон ва ҳамроҳ бо он, матраҳ мефармояд. Ба унвони намуна мефармояд:

«اِنَّ الَّذینَ آمَنُوا وَ عَمِلُوا الصَّالِحاتِ وَ أَقامُوا الصَّلاةَ وَ آتَوُا الزَّكاةَ لَهُمْ أَجْرُهُمْ عِنْدَ رَبِّهِم...» [

“Қатъан касоне ки имон офардаанд ва амали солеҳ анҷом додаанд ва намозро ба по дошта ва закот пардохтаанд, барои онон дар назди Парвардигорашон подоше дар хури шаъни онҳост...”

Дар ҳақиқат аз назари Қуръони Карим, амали солеҳ ҷузъи ҷудонашавандаи имон аст ва имон бидуни амали солеҳ комил нест.

Яке аз қисмҳои амали солеҳ, тақайюд ба анҷоми ибодот аст. Намоз, рӯза, ҳаҷ, ҷиҳод ва мисли он аъмоли солеҳе ҳастанд, ки Қуръони Карим дар ба ҷо овардани он аъмол пофишори дорад.

Мунҳасир донистани амали солеҳ дар аъмоли ибоди ваҷҳе надорад ва манзури Қуръони Каримро таъмин намекунад. Бале ҳар амали машруъе ки барои ҷомеа муфид бошад ва ақли инсон онро биписандад, мақбули даргоҳи илоҳи воқеъ мешавад ва дар фарҳанги дини аз он ба унвони амали солеҳ таъбир мегардад. Хусусан инки Қуръони Шариф дар бисёре аз маворид, амр ба иқомаи намоз ва пардохти закоро дар канори якдигар баён мефармояд:

وَ أَقامُوا الصَّلاةَ وَ آتَوُا الزَّكاة

Намоз, мисдоқи ошкори робитаи одами бо Худованди Мутаол ва закот, мисдоқи равшан робиати ӯ бо мардум аст. Дар воқеъ Худои Субҳон дар ташриъи амали солеҳ робитаи бо худаш ва робита бо мардум ва эҳтимом ба иттифоқот ва хидмат ба дигаронро ҳамроҳон лозим дониста ва бадон амр карда аст.

Ончи таваҷҷуҳи ҷидди металабад, паҳез аз ифрот ва тафрит  дар эҳтимом ба ду қисми амали солеҳ аст. Расидаги беш аз ҳадд ба умури дуняви то ҳадде ки мунҷар ба ғафлат аз арзишҳои маънави шавад, зиндаги инсонро бе баракат мекунад. Ҳамчунон ки бозмондан аз вазифаҳои дуняви дар асари ифрот дар ба ҷо овардани аъмоли ибоди, матлуб нест ва бисёр накуҳиш шуда аст.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст