Имом Ризо(а) дар бораи одоби беҳдошти сафар, риояти бархе нуктаҳои пизишкиро боиси саломати бадан ва дар амон мондан аз бемориҳо баршумурданд.

Бештарин ва заруритарин моддае ки инсон дар сафар мехурад об аст ва об муносиби нушидани барои мусофир аз аҳамияти вижае бархурдор аст, зеро қобили шурд мавҷиби дафъи осебҳо ва садамаҳо аз мусофир аст.

Имом Ризо(а) дар тавсеяи пизишки ба касоне ки қасди сафар доранд мефармоянд: “Барои мусофир зарури аст ки каме аз хоки ватани худ ҳамроҳ дошта бошад ва дар ҳар манзиле ки ворид мешавад каме аз он хокро бо обҳои нушидани онҷо биёмезад (ва хуб онро ба ҳам зада,  баъд сабр кунад то зарроти гилу хоки он комилан поин бишинад ва об соф шавад) сипас аз обе ки бо хоки ватанаш омехта аст ва ба он одат дошта бинушад.”

Имом Ризо(а) дар маврииди тариқаи саҳеҳи масрафи об, дастурул амалҳои муфид ва роҳгушое ироа кардаанд. Он ҳазрат мефармояд: “Обҳои шуру обҳои сангин мавҷиби юбусат мешавад ва оби барф ва оби ях барои бештари мизоҷҳо зараровар ва хатарнок аст.”

Беҳтарин ва шоистатарини обҳо барои нушидан, хоҳ барои шаҳрвандони муқим, хоҳ барои мусофирон, обе аст ки чашмаи он аз самти машриқ, сабук, шаффоф ва зулол бошад ва маҳалли пайдоиш ва хуруҷи он аз тарафи тулуъи хуршед бошад.

Бар асоси ин вижагиҳо, обе ки ҷараёнаш аз куҳҳои хоки ва реги бигузарад, беҳтарин ва солитарин обҳост, зеро ингуна обҳо дар фасли зимистон гарм ва дар тобистон хунак мебошанд ва мавҷиботи нарм кардани шикамро фароҳам месозанд. Чунин обҳое барои мизоҷҳои гарм низ судманд аст.

Солимтарин ва беҳтарин онҳо обе аст ки аз маҳалли худ биҷушад ва маҷрои он шикофи теппаҳо ва куҳҳои хоки бошад.

Ва аммо обҳои чоҳ, машрут бар инки ҷараён дошта бошад ва ҳабс нашуда бошад (дар як ҷо фақат набошад) сабук, ширин, софу зулол ва барои баданҳо бисёр судманд аст.

Имом Ризо(а) мефармоянд: “Бидонки ҳаракати шадид дар ҳавои бисёр гарм барои баданҳои хароб музир аст, бавижа ҳангоме ки шикам аз хурок холи бошад.”

Имом Ризо(а) ҳамчунин дар бораи шароити беҳдошти сафар мефармояд:

“Бидонки мусофир, агар метавонад аз мусофират дар айёми гармо дури кунад ва агар ба сафар меравад бо шикаме пур аз хурок ва шиками холи набошад, балки дар ҳолати эътидол миёни сер ва гурусна бошад ва аз хурокҳои мизоҷи сард доранд мисли қарис (гушт бо сирка ва сабзиҷот ва донаҳои пухта) тановул кунад ва аз сирка, равғани зайтун, обғура ва хурокиҳои сарди дигар истифода кунад.”

Одоби сафар

1.Гуфтани Бисмиллоҳ ҳангоми оғози сафар

2.Ифтитоҳи сафар бо додани садақа ва хондани ояталкурси

3.Кумак ба ҳамсафарон ва кутоҳи накардан дар хидмат ба дигарон

4.Интихоби ҳамсафаре ки дар харҷ кардан монанди вай бошад.

5.Хуш ахлоқи, ҳилм ва бурдбори

6.Бардоштани тушаи хуб ва фаровон ба хусус дар сафари Макка

7.Даъват аз ҳамроҳон бар сари суфра

8.Шухи ва мизоҳ бо дигарон

9.Аҳамият додан ба намози аввали вақт

10.Ғусл кардан пеш аз сафар

11.Тарки каломи беҳуда ва муҷодила дар роҳ

12.Доштани таҳорат

13.Либоси пок,  нав ва сафед дар сафар

14.Атр задан ва хушбӯ будан

15.Овардани ҳадя барои хонавода махсусан аз сафари Ҳаҷ

16.Рафиқ ва ҳамроҳ будан дар тасмимгириҳо ҷуз дар мавриди гуноҳ ва нофармони Худо

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст