Ҳазрати ибни Аббос(рз) мегӯянд: Лубайд ибни Аъсам барои Паёмбар(с) ҷоду кард ва онро дар чоҳи бани Зурейқ пинҳон намуд. Паёмбари Акрам(с) бемор шуданд, ва вақте он ҳазрат(с) хоб буданд, ду малак омаданд, яке аз онҳо болои сарашон ва дигаре поини пои Паёмбар(с) нишаст ва Паёмбар(с)ро аз ҷодукунанда хабар доданду гуфтанд: Ҷоду дар миёни шукӯфаи хурмо ҷой дорад ва дар зери чоҳи (зарвон) дар зери санг мебошад. Паёмбари Худо(с) аз хоб бедор шуданд ва Ҳазрати Алӣ(кр) ро бо ҳазрати Зубайр(рз) ва Аммор(рз) фиристоданд, то ҷодуро аз зери чоҳ бигиранд. Ҳазрати Алӣ(кр) бо ҳамроҳонашон оби чоҳро кашиданд ва санги зери чоҳро гирифтанд ва ҷодуро аз зери санг пайдо карданд ва назди Пайғамбар(с) оварданд. Дар миёни шукӯфаи хурмо як каме аз мӯи сари Паёмбар(с), ки дар ҳангоми шона кардан рехта буд, бо чанд дандона аз дандонаҳои шонаи он ҳазрат(с) вуҷуд дошт, ки ба онҳо ёздаҳ гиреҳ бо сӯзан дӯхта шуда буд. Пас ин ду сура (Қул аъузу бирабб-ил-фалақ ва қул аъузу бирабб-ин-нос) ба ҳазрат(с) нозил шуд. Паёмбари Акрам(с) ҳар оятеро, ки мехонданд яке аз он гиреҳҳо кушода мешуд, баъд аз кушода шудани ҳамаи гиреҳҳо Паёмбар(с) сабук шуданд ва монанди касе, ки банд аз ӯ бардошта бошанд, аз ҷояшон хестанд ва Ҷабраил(а) низ шурӯъ кард он ҳазрат(с) ро бо ин калимот паноҳ додан: Ба номи Худо, туро аз шарри ҳар чи боиси озори туст паноҳ медиҳам ва Худованд туро аз шарри ҳар ҳасуд ва захми чашм, шифо ва каромат мекунад.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст