Нафаси боди сабо мушкфишон хоҳад шуд

Олами пири дигарбора ҷавон хоҳад шуд

Арғувон ҷоми ақиқе ба суман хоҳад дод

Чашми наргис ба шақоиқ нигарон хоҳад шуд

Ин татовул ки кашид аз ғами ҳиҷрон булбул

То саропардаи гул наъразанон хоҳад шуд

Гар зи масҷид ба харобот шудам хурда магир

Маҷлиси ваъз дароз асту замон хоҳад шуд

Эй дил ар ишрати имрӯз ба фардо фикани

Мояи нақди бақоро ки замон хоҳад шуд

Моҳи Шаъбон манеҳ аз даст қадаҳ кин хуршед

Аз назар то шаби иди Рамазон хоҳад шуд

Гул азизе аст ғанимат шурумедаш суҳбат

Ки ба боғ омад аз ин роҳу аз он хоҳад шуд

Мутрибо маҷлиси унс аст ғазалхону суруд

Чанд гӯи ки чунин рафту чунон хоҳад шуд

Ҳофиз аз баҳри ту омад сӯи иқлими вуҷуд

Қадаме на ба видоаш ки равон хоҳад шуд

Ҳофизи Шерозӣ

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст