Ин, дар ҳоле аст ки рӯзии инсон, таъмин шуда аст. Худованди Мутаол, тазмин карда аст, ки рӯзии инсонро дар ҳар шароите таъмин мекунад. Таъминкунандаи рӯзи, касе аст ки молики офариниш аст ва тазминкунандаи он, касе аст ки муқтадир ва шикастнопаззир аст. Қуръони Карим мефармояд:

إِنَّ اللَّهَ هُوَ الرَّزَّاقُ ذُو الْقُوَّةِ الْمَتِينُ[1]

“Худост рӯзирасон ва ӯст дорандаи неруи сахт устувор.”

Вақте инсон бидонад рӯзиаш ба дасти соҳиби қудрат аст, эҳсоси итминон ва оромиш мекунад. Ҳеч ҷунбандае дар рӯи замин нест магар онки рӯзиаш бар уҳдаи Худост.

وَمَا مِن دَابَّةٍ فِي الْأَرْضِ إِلَّا عَلَى اللَّهِ رِزْقُهَا وَيَعْلَمُ مُسْتَقَرَّهَا وَمُسْتَوْدَعَهَا كُلٌّ فِي كِتَابٍ مُّبِينٍ [2]

“Ҳеҷ ҷунбандае дар замин нест магар инки рӯзии ӯ бар Худост! Ӯ қароргоҳ ва маҳалли нақлу интиқолашро медонад; ҳамаи инҳо дар китоби ошкоре сабт аст! (дар лавҳи маҳфуз)”

Дар ҷои дигаре аз Қуръон мефармояд:

وَكَأَيِّن مِّن دَابَّةٍ لَّا تَحْمِلُ رِزْقَهَا اللَّهُ يَرْزُقُهَا وَإِيَّاكُمْ ۚ وَهُوَ السَّمِيعُ الْعَلِيمُ [3]

“Чи басо ҷунбандае, ки қудрати ҳамли рӯзии худро надорад, Худованд ӯ ва шуморо рӯзи медиҳад ва ӯ шунаво ва доност.”

Ҳар ҷондоре рӯзии худро дорад.[4] Ба мурчагон нигоҳ кунед, ки бо он ҳама майда будан ва ҷисми майда доштан, рӯзиаш замонат шуда ва рӯзии ӯ мерасад. Худованди Манно ва бахшанда, аз ӯ ғофил нест ва ӯро маҳрум насохта аст; агарчи дар дили тахтасанги сиёҳ ва хушк ва ё дар миёни сангҳои сахт бошад.[5] Ва ё ба парандагоне мисли уқоб ва кабутар ва шутурмурғ бингаред, ки Худованд, рӯзии ҳамаи онҳоро тазмин карда аст.[6] Ин нуктаҳои омузанда, нишон медиҳад ки нигарон будан барои рӯзи, бемаврид аст. Аз инру, Паёмбари Худо(с) ба ибни Масъуд мефармояд:

“Эй ибни Масъуд! Барои рӯзи, андуҳ махур; чароки Худованди Мутаол мефармояд: “Ҳеҷ ҷунбандае дар ҳамин нест магар рӯзии он бо Худост.” Ва фармуд: Рузии шумо ва ончи ба шумо ваъда дода аст, дар осмон аст.”[7]

Вазъи худи инсон низ шигифтангез аст. Мо акнун нигарони рӯзии худ ҳастем ва ҳол онки се марҳилаи пеш аз он вуҷуд дошта, ки бидуни иттилои мо Худованд рӯзии моро расонда аст. Пас шоиста нест акнун нисбат ба ӯ сӯи зан ва бадбин бошем. Марҳилаи аввал ҳангоме аст, ки инсон дар раҳими модар қарор дорад; дар ҷойгоҳе ором ки ҳеҷ сармо ва гармое ӯро озор намедиҳад ва Худо рӯзиашро мерасонад. Марҳилаи дуввум, даврони навзоди аст, ки ҳарчанд нотавон аст, вале хуроки ӯ аз шири модар таъмин мешавад ва касе ҳаст ки ӯро тару хушк кунад. Ва марҳилаи севвум, даврони пас аз ширхораги аст, ки рӯзии ӯ бидуни талош ва кушиш, аз дастранҷи волидайн таъмин мегардад ва машмули меҳрубони ва дилсӯзии онон қарор мегирад, ҳатто ӯро бар худашон муқаддам медоранд. Аммо ҳамин инсон вақте бузург мешавад ва оқил мешавад ва барои худаш кор мекунад, вазъ бар ӯ сахт мешавад ва ба Худо бадбин мешавад ва ҳуқуқи молиеро, ки бар уҳдааш аст инкор мекунад ва бар худ ва хонаводааш сахт мегирад. Инҳо ба хотири тарс аз танг шудани рӯзи ва бадгумони ба Худованди Мутаол аст.

Паёмбари Худо(с) ба ду тан аз фарзандони Холид мефармояд:

“То вақте сари шумо ҳаракат мекунад (киноя аз зинда будан), аз рӯзи, ноумед набошед; чи инки инсонро модараш сурх ва бидуни пуст меофаринад, сипас Худованд, ӯро рӯзи медиҳад.”

Агар Худо рӯзирасон аст, ин ҳама нигарони ва изтироб барои чист? Албатта ин нуктаро бояд қайд кард, ки ин гуфтаҳо ба маънои он нест ки инсон саъй ва талош накунад ва дар хонае биншинад.

[1] Сураи Зориёт, ояти 58.

[2] Сураи Ҳуд, ояти 6.

[3] Сураи Анкабут, ояти 60.

[4] Кофӣ, ҷ 8, саҳ 22.

[5] Наҳҷулбалоға, хутбаи 185.

[6] Ҳамон.

[7] Макоримулахлоқ, ҷ 2, саҳ 356.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст